Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол”-и Душанбе қарордодашро бо панҷ бозигари ҳайати порсолааш тамдид накард.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, бо панҷ бозигари ҳайати порсолааш хайрухуш намуд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, 4 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “муҳлати қарордоди ду легионер – ҳамлагар Бледа Родригес (Испания) ва ҳимоятгар Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Эрон) - бо бошгоҳи “Истиқлол” ба охир расидааст. Вале роҳбарияти бошгоҳ муҳлати қарордодро бо онҳо тамдид накард. Инчунин се бозигари мунтахаби миллии Тоҷикистон - дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов ва нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов – аз паи ҷустуҷӯи дастаҳои нав хоҳанд шуд.”

Ба гуфтаи сухангӯи бошгоҳ, “Истиқлол”, ки дар Ҷоми AFC-2016 ширкат хоҳад кард, 4 январ дар урдугоҳи худ омодагиро ба мавсими нав шурӯъ кард. Даста ҳайаташро тағйир медиҳад. Ба “Истиқлол” барои санҷиш даҳ бозигар ҷалб мешавад. Якчанд нафари онҳо футболбозони кишварҳои хориҷи наздик ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд, ки алъон чаҳор нафарашон дар ихтиёри бошгоҳанд. Инчунин барои ба ҳайати «Истиқлол» дохил шудан якчанд футболбози тоҷик, ки дар мавсими соли гузашта хуб ҳунарнамоӣ кардаанд, аз санҷиш мегузаранд.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсал»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

“Истиқлол” нахустин бозиашро 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили бошгоҳи «Ал-Файсал» анҷом медиҳад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсал» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) –«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсал» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Ал-Файсал» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсал» (Урдун) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсал» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсал» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG