Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зан ба гумони фурӯхтани духтараш


Як сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони фурӯши духтари яксолааш дар ивази 400 доллар боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ин зан ном набурда, аммо гуфтааст, ки ӯ қаблан бо моддаҳои 244, қисми 2 ва 167, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум шудааст. “Аз рӯи ин ҳодиса, нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст,” – гуфтанд дар дафтари мтабуоти ВКД.

XS
SM
MD
LG