Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба пойгоҳ афзоиш ёфт


Мақомоти Ҳиндустон дар бораи то ёздаҳ нафар афзоиш ёфтани теъдоди сарбозони кишвар бар асари ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар шаҳри Патханкот, воқеъ дар наздикиҳои марзи Покистон хабар доданд. Бино ба иттилои рӯзи 3 январ нашршуда, чанд сарбози дигар бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз олам даргузаштанд.

Қаблан дар бораи ҳалокати ду сарбози ҳинд ва кушта шудани чаҳор нафар аз ҳамлагарон ба ин пойгоҳ хабар дода мешуд. Ба рӯйхати қурбониён сарбозе ҳам шомил шудааст, ки рӯзи 3 январ бар асари таркиш ҷон бохт.

Ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳиндустон, ки дар роҳи миёни аёлатҳои Ҷамму ва Кашмир воқеъ аст, рӯзи 2 январ аз сӯи гурӯҳи номаълуми исломӣ сурат гирифт. Ҳамлагарон барои вуруд ба пойгоҳ, ки он ҷо чархболҳои ҷангӣ ва дигар техникаи низомии муосир ҷойгиранд, муваффақ нашуданд.

XS
SM
MD
LG