Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина эълом дошт, ки шурӯъ аз 10 январ вуруди маводи озуқа аз Русияро манъ мекунад. Киев рӯзи 3 декабр хабар дод, ки ин тасмим – посух ба қарори Маскав барои манъи вуруди тавлидоти Украина ба Русия аст. Гуфта мешавад, ки воридоти гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва меваю сабзавот аз Русия манъ карда мешавад.

Воридоти маҳсулоти ғизоии Украина ба Русия аз якуми январ қатъ шуд. Маскав ба эмбаргои маводи озуқаи Украина баъди он шурӯъ кард, ки Киев бо вуҷуди монеъагузориҳои зитёди Кремл барои татбиқи созиши тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки манъи воридот аз Украина барои дифоъ аз бозори дохилӣ зарур аст, зеро тавассути Украина маводи озуқаи аврупоӣ бидуни пардохти боҷ ба Русия оварда мешуд.

Аввалин талоши имзои созиш оид ба тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2013 ноком шуд ва боиси эътирозҳо дар Киеву аз мақом барканор шудани раисиҷумҳур Виктор Янукович гардид. Ба думболи ин Русия нимҷазираи Қримро замима кард ва ба пуштибонии ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина пардохт.

XS
SM
MD
LG