Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мазҳабии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ рӯзи 3 январ дар робита ба эъдоми рӯҳонии шиа Нимр ан-Нимр Арабистони Саъудиро аз ғазаби Худо ҳушдор дод. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Ар-Риёз баъд аз ҳамлаи эътирозгарон ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон мақомоти Эронро дар пуштибонии терроризм айбдор намуд.

Хабаргузории ИСНА аз қавли Ҳусайн Соҷидӣ, раиси пулиси Теҳрон иттилоъ дод, ки соати 22:20-и шаби шанбе шуморе аз "нерӯҳои худсар" дар баробари сафорати Арабистони Саудӣ ҷамъ омада ва чанд лаҳза баъд ба сӯи бинои сафорат санг ва коктейли Молотов партоб карданд. Ҳамлаварон ба бинои сафорат даромада, ба он зиён ворид кардаанд. Тақрибан 40 нафар аз эътирозгарон боздошт шуданд, аммо гуфта мешавад тазоҳурот дар назди сафорат рӯзи якшанбе ҳам идома хоҳад кард.

Нимр ан-Нимр аз чеҳраҳои калидӣ дар эътирозҳои шиаҳои муқими Қатиф дар соли 2011 маҳсуб мешуд. Ӯ алайҳи нақзи ҳуқуқи шиаҳо, ки 15 дар сади аҳолии Арабистони Саъудиро ташкил медиҳанд, садо баланд карда буд. Ан-Нимр яке аз 47 нафари муттаҳам дар терроризм ва таҳрик додан ба хушунат буд, ки рӯзи 2 январ эъдом шуданд. 45 нафар онҳо шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ ва ду нафар – шаҳрвандони Мисру Чад буданд.

Ҳамроҳ бо шайх Ан-Нимр додарзодаи ӯ Алӣ Нимр ва панҷ шиаи дигар ҳам ба дор овехта шуданд. Бо қарори додгоҳ, ҷасадҳои сарбурида дар маърази ом гузошта шуданд, ки муҷозоти сангинтарин дар кишвар маҳсуб мешавад.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Фередика Могеринӣ эъдоми шайх Ан-Нимрро маҳкум кард ва гуфт, ки он нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди озодии баён ва арҷгузорӣ ба озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Арабистони Саъудиро ба бор овардааст. Ба гуфтаи ӯ, арзишҳои марбут ба ҳуқуқи башар бояд дар баробари ҳама, ҳатто дар ҳоле, ки гап сари терроризм меравад, яксон риоя шаванд.

XS
SM
MD
LG