Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф оташбас бо ҳӯсиҳоро лағв кард


Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ оташбас дар Яманро яктарафа лағв кард. Дар изҳороти Эътироф гуфта шудааст, бар асари ҳамлаҳои пайвастаи шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳӯсӣ, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, аз рӯзи шанбе, 2 январ, режими оташбас бекор карда шуд.

Оташбас рӯзи 15 декабр эълон шуда буд, аммо тақрибан ҳар рӯз аз сӯи ҷонибҳои даргир дар Яман - шибҳанизомиёни ҳӯсӣ ва нерӯҳои ҳукуматӣ халалдор мешуд.

Аз моҳи марти соли гузашта ба ин сӯ Эътилоф ба хотири эҳёи ҳукумати раисиҷумҳури қонунии Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарони ҳӯсӣ, ки бахши атзами қаламрави Яманро ишғол карда буданд, аз тариқи ҳавопаймоҳо зарба мезанад. Дар нӯҳ моҳи низоъ тақрибан 6 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG