Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо алайҳи эъдоми Ан-Нимр дар Саъудӣ


Даҳҳо нафар шиамазҳабҳо дар шарқи Арабистони Саъудӣ алайҳи эъдоми Нимр Бақла Ан-Нимр эътироз карданд. Намошгарон дар як раҳпаймоӣ аз рустои зодгоҳи , таблиғгари мазҳаби шиа Ан-Нимр – Ал-Авамия то шаҳри Қатиф, маркази вилояти Шарқӣ, ки он ҷо асосан шиаҳо ба сар мебаранд, алайҳи сулолаи ҳукмрон дар Арабистони Саъудӣ шиорҳо дармедоданд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters аз қавли сокинони маҳаллӣ иттилоъ додааст.

Нимр ан-Нимр аз чеҳраҳои калидӣ дар эътирозҳои шиаҳои муқими Қатиф дар соли 2011 маҳсуб мешуд. Ӯ алайҳи нақзи ҳуқуқи шиаҳо, ки 15 дар сади аҳолии Арабистони Саъудиро ташкил медиҳанд, садо баланд карда буд.

Ан-Нимр яке аз 47 нафари муттаҳам дар терроризм ва таҳрик додан ба хушунат буд, ки рӯзи 2 январ эъдом шуданд. 45 нафар онҳо шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ ва ду нафар – шаҳрвандони Мисру Чад буданд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии кишвар, ҳукми эъдом рӯзи шанбе, 2 январ, дар 12 мавзеи гуногуни салтанати Арабистони Саъудӣ иҷро шуд.

Соли гузашта дар Арабистони Саъудӣ барои ҷиноёти гуногун 157 нафар, аз сол пештар бошад 90 кас эъдом шуда буданд.

XS
SM
MD
LG