Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Афғонистон 59 маҳбусро озод кард


Давлат Вазирӣ
Давлат Вазирӣ

Нерӯҳои вокуниши сареъи Афғонистон 59 маҳбуси як зиндони толибон дар вилояти Ҳилмандро раҳо карданд.

Генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 2 январ дар ин бора хабар дод ва гуфт, амалиёт барои раҳоии маҳбусони зиндон дар шаҳри Лашкаргоҳ шаби ҷумъа ба шанбе сурат гирифт. 37 нафар аз маҳбусони раҳошуда – сарбозони артиш, ҳафт нафар – кормандони полис ва боқимонда – сокинони осоиштаанд, афзуд Давлат Вазирӣ.

Моҳҳои ахир мусаллаҳони Толибон чанд шаҳру волусволии вилояти Ҳилмандро, ки бо Покистон ҳаммарзанд ва аз роҳҳои сердаромади интиқоли ғайриқонунии маводи мухадир ва силоҳ маҳсуб мешаванд, таҳти назорат гирифтанд. Давлат Вазирӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул сару садоҳо дар бораи имкони пурра аз сӯи толибон ишғол шудани Ҳилмандро рад кард ва аммо гуфт, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин вилоят ба муқовимати шадиди мухолифини давлат рӯбарӯ шуданд.

Авзоъ дар Ҳилманд Бритониёро водор сохт, ки моҳи гузашта гурӯҳи хурди нерӯҳои вокуниши сареъро барои машварат ба нерӯҳои афғон ба ин минтақа фиристад.

XS
SM
MD
LG