Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Village бори чаҳорум мавриди ҳамла қарор гирифт


Полиси Сомалӣ хабар дод, ки бар асари ҳамлаи як маргталаб ба тарабхонаи маъруф дар пойтахт - шаҳри Могадишо дасти кам се нафар ба ҳалокат расиданд. Маргталаб рӯзи 2 январ худро дар даромадгоҳи тарабхонаи Village, воқеъ дар наздикиҳои Кохи раёсатҷумҳурии Сомалӣ тарконд.

Тарабхонаи Village, ки бори чаҳорум мавриди ҳамла қарор гирифтааст, аз макони дӯстдоштаи мансабдорони давлатӣ, хабарнигорони маҳаллӣ ва тоҷирону мардуми оддӣ маҳсуб мешавад.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Сомалӣ ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи Ал-Шубоб кардаанд, ки дар талоши ҷорӣ кардани қавонони шариат дар ин кишвари африқоӣ борҳо ҳамлаҳои террористӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG