Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон боз замин ларзид


Паёмадҳои заминларзаи рӯзи 26 октябр

Паёмадҳои заминларзаи рӯзи 26 октябр

Дар ҷанубу шарқи Афғонистон ва манотиқи ҳаммарзи Покистон рӯзи 2 январ заминларзаи нерӯяш 5,3 дараҷаи Рихтер рӯй дод. Дар бораи осебдидагон ё харобиҳо бар асари ин офати табиӣ иттилоъ нарасидааст.

Хадамоти геологияи Амрико мегӯяд, ки маркази заминларза дар 35-километрии мавзеи Ҷарми Афғонистон, дар минтақаи камаҳолии кӯҳистони Ҳиндукуш, воқеъ буд.

26 октябри соли гузашта дар ҳамин минтақа заминларзаи нерӯяш 7,5 дараҷаи Рихтер рӯй дода, мунҷар ба ҳалокати тақрибан 400 нафар шуда буд. Дар манотиқи наздик ба маркази заминларза садҳо биноҳо фурӯ рехта буданд.

XS
SM
MD
LG