Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 кас дар ҳамла ба як пойгоҳи Ҳинд


Низомиёни ҳиндустонӣ чаҳор мусаллаҳи ношиносро, ки ба пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар дар шаҳри Патханкот, воқеъ дар наздикиҳои марзи Покистон ҳамла карда буданд, ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин даргирии субҳи рӯзи 2 январ ду низомии ҳинд ҳам кушта шудааст.

Ба иттилои намояндаи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳиндустон, ҳамлагарон, ки эҳтимол меравад аъзои ягон гурӯҳи исломиянд, субҳи шанбе ба пойгоҳ ҳамла карданд, аммо барои вуруд ба пойгоҳ муваффақ нашуданд.

Дар пойгоҳи Патханкот чархболҳои ҷангӣ ва дигар техникаи низомии муосир ҷойгиранд. Ин пойгоҳ дар роҳи миёни аёлатҳои Ҷаму ва Кашмир воқеъ аст – дар Кашмир гурӯҳҳои ситезаҷӯ фаъоланд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Деҳлӣ ва Исломобод дар пайи беҳтар кардани равобитанд. Ҳафтаи гузашта нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо як сафари вориди Покистон шуд ва бо ҳамтояш Навоз Шариф гуфтушунид кард.

XS
SM
MD
LG