Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Арабистони Саудӣ 47 нафарро эъдом карданд


Дар Арабистони Саъудӣ 47 нафари муттаҳам дар терроризм ва таҳрик додан ба хушунат эъдом шуданд. 45 нафар онҳо шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ ва ду нафар – шаҳрвандони Мисру Чад буданд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии кишвар, ҳукми эъдом рӯзи шанбе, 2 январ, дар 12 мавзеи гуногуни салтанати Арабистони Саъудӣ иҷро шуд.

Миёни эъдомшудагон – таблиғгари мазҳаби шиа Нимр ан-Нимр ҳам буд, ки аз чеҳраҳои калидӣ дар эътирозҳои шиаҳои муқими минтақаи Қатиф дар шарқи кишвар дар соли 2011 маҳсуб мешуд. Ан-Нимр алайҳи нақзи ҳуқуқи шиаҳо, ки 15 дар сади аҳолии Арабистони Саъудиро ташкил медиҳанд, садо баланд карда буд.

Соли гузашта дар Арабистони Саъудӣ барои ҷиноёти гуногун 157 нафар, аз сол пештар бошад 90 кас эъдом шуда буданд.

XS
SM
MD
LG