Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти пулиси собиқ дар зиндони яки Душанбе


Саймаҳмуд Нуров, як маҳбуси зиндони шумораи яки Душанбе шаби гузашта бар асари сактаи қалбӣ дар маҳбас даргузаштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Сайдаҳмад Нуров қаблан дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекард ва соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир бо ҳамроҳи бародараш Аҳмадҷон Нуров, ки директори бозор буд, боздошт шуда буд. Ин корманди пешини пулис аз сӯи додгоҳ ба муддати 25 сол ва бародараш Аҳмадҷон Нуров барои 22 сол равонаи зиндон шуда буданд. Наздикони Саймаҳмуд Нуров ба Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади ӯро ба Фархор интиқол доданд ва маросими ҷанозаи ӯ баъд аз зӯҳри 2-юми январ дар зодгоҳаш доир мешавад.

XS
SM
MD
LG