Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон шартномаашро бо Русия бекор кард


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норини Боло
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норини Боло

Ҳукумати Қирғизистон шартномаеро, ки ҳанӯз соли 2012 бо Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Норини Боло” ва нерӯгоҳи “Қамбарота-1” баста буд, бекор кард.

Дар ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон, ки рӯзи 31 декабри соли 2015 баргузор шудааст, шартномаи миёни ин кишвар бо Русия дар робита ба сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳи барқи обии “Норини Боло””, ки 20 сентябри соли 2012 ба имзо расида буд ва, инчунин, нерӯгоҳи “Қамбарота-1” бекор карда шудааст.

Ойбек Калиев, муовини вазири иқтисоди Қирғизистон, дар ин ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, дар ҷараёни мулоқоти кории раиси ҷумҳурони ду кишвар ҷониби Маскав изҳор доштааст, ки бо назардошти вазъи душвори иқтисодӣ, уфти қурби рубл ва маҳдудияти молиявии буҷа имкони сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи “Норини Боло”-ро надорад. Калиев мегӯяд, бо назардошти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодии нерӯгоҳ барои Қирғизистон ва талаботи кишвар ба нерӯи барқ ҳукуматаш наметавонад иҷоза бидиҳад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ тӯл кашад.

Аз ин рӯ, ба таъкиди муовини вазири иқтисоди Қирғизистон, ҳукумати кишвараш зарур шумурдааст, ки ин созишномаро бо Русия қатъ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Темур Сариев -- нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш барои сохтмони нерӯгоҳи “Норини Боло” сармоягузорони нав меҷӯяд ва ба таъкиди ӯ алакай чанд пешниҳод низ гирифтаанд. Барои то ба охир бекор шудани созишномаи байни Қирғизистон ва Русия дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи “Норини Боло Боло” ва “Қамбарота-1” парлумони Қирғизистон – Жогорку Кенеш - бояд ба тарҳи бекор кардани он раъй диҳад ва раиси ҷумҳур зери он имзо гузорад.

Русия дар соли 2012 барои бунёди нерӯгоҳи азими “Қамбарота-1” ва силсилаи нерӯгоҳҳои миёна дар Норини Боло ваъдаи сармоягузорӣ карда буд. Ҷамъи ҳазинаи бунёди ин нерӯгоҳҳо ҳудуди 3,2 миллиард доллар баровард мешуд. Қарор буд, нахустин нерӯгоҳҳо дар Норини Боло алакай аз соли 2016 ба тавлиди барқ шурӯъ кунанд ва нерӯгоҳи “Қамбарота-1”, ки иқтидори тавлидотии солонааш 5 миллиард киловаттро ташкил медиҳад, то соли 2021 сохта шавад.

Аммо бо гузашти се сол аз ҷониби Маскав иқдоми амалие барои оғози ин сохтмонҳо рӯи даст гирифта нашуд ва раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти хабарии солонааш дар охири декабри соли гузашта гуфт, Русия имкони маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар ин кишвари Осиёи Марказиро надорад ва Бишкек маҷбур аст, дунболи сармоягузорони нав бигардад. Ин изҳороти Отамбоев заиф шудани иқтидори иқтисодии Русия дар натиҷаи пойин рафтани нархи нафт ва таҳримоти иқтисодии алайҳи Маскав эълонкардаи Ғарбро нишон медиҳад.

Бисёриҳо ҳанӯз 3 сол пеш ҳам ваъдаи сармояҳои Русия барои бунёди нерӯгоҳҳо дар Қирғизистонро як навъ муомила дар ивази тағйири хатти машши сиёсии Бишкек арзёбӣ мекарданд. Отамбоев барои ба худу ҳукуматаш моил кардани Маскав аз нерӯҳои Амрико тақозо кард, то маркази транзитии воқеъ дар фурудгоҳи Манас – як нуқтаи муҳим барои таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистонро тарк кунанд. Бишкек ҳамин тавр, ба тарҳҳову созмонҳои таҳти нуфузи Маскав, назири Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё алоқаи зиёд нишон медод ва дар иваз аз Русия ваъдаи беш аз 2 миллиард сармоягузорӣ гирифт.

Вале аксар ба ваъдаҳои сиёсиаш амал кардани Русияро зери шубҳа гузошта, аз айни ваъдаҳои сармоягузориаш ба иқтисоди Тоҷикистон ёдовар мешаванд. Русия ду дафъа – дар солҳои 1994 ва 2004 – барои сохтани нерӯгоҳи Роғун бо Тоҷикистон қарордод баста буд. Дар соли 2004 Маскав аз тариқи ширкати РусАл барои бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун ҳудуди 600 миллион доллар, барои бунёди як корхонаи нави алюминсозӣ ва ду коргоҳи нав дар назди корхонаи алюминсозии Турсунзода 670 миллион ва дар маҷмӯъ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ваъда дода буд. Вале аз он ҳама ваъдаҳо танҳо чизе ки амалӣ шуд, 15 гектар замини боғест, ки бо кумаки молии як бонки марбут ба шаҳрдории Маскав дар канори шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода бунёд шудааст.

Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон, бо онки дар саргаҳи манобеи оби минтақа қарор доранд, даор мавсими сармо ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯст. Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Қирғизистон лимити барқ нест, балки нирӯи барқи лозимашро дар фасли зимистон аз Қазоқистони ҳамсоя харидорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG