Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати Душанбе ва Исломобод дар бозори орд


Тоҷикистон бо содир кардани орду гандуми нисбатан арзон мавқеи Покистон дар бозори ғизои Афғонистонро танг кардааст. Ба навиштаи нашрияи “The Express Tribune”-и Покистон, ҳоло бо дархости вилояти Панҷоб вазорати тиҷорати он кившар як ҳайати баландпояро ба Афғонистон барои рӯшан кардани вазъият дар бозори орду гандум фиристодааст. Масъулони вилояти Панҷоб, ки қаблан аз содирокунандагони аслии орду гандум ба Афғонистон буд, гуфтаанд, ки ҷойи маҳслуоти онҳоро дар бозори Афғонистон орду гандуми аз Тоҷикистон омада танг кардааст.

Дар як ҷаласаи фаврие, ки бо дархости вилояти Панҷоб дар вазорати тиҷорати Покистон баргузор шудааст, сабаби аслии дар бозори Афғонистон маҳдуд шудани ҷойгоҳи маҳсулоти Покистон дар нисбатан арзон будани нархи гандуми Тоҷикистон гуфта мешавад. Бинобар омори пешниҳодкардаи вазорати тиҷорати Покистон нархи як тонна гандуми аз Тоҷикистон ба Афғонистон содирмешуда ҳамагӣ 200 долларро ташкил мекунад. Дар ҳоле ки як тонна гандуми Покистон то ба дасти муштарии афғон бо нархи 360 доллар рафта мерасад.

Аммо Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ҳар сол ҳудуди 1 миллион тонна гандум истеҳсол мекунад, дар ин масъала худкифо нест ва қисмати зиёди талаботаш ба орду гандумро аз ҳисоби воридот қонеъ мегардонад. Барои мисол, Тоҷикистон танҳо дар 11 моҳи соли гузашта бо харҷи 217 миллион доллар аз Қазоқистон 763 миллион тонна гандум ворид кардааст. Дар ҳамин муддат кившар аз Русия ва Қазоқистон ҳамчунин бар ивази 53 миллион доллар 130 ҳазор тонна орд ворид кардааст. Ҳоло як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз 155 то 160 сомонӣ қимат доранд.

XS
SM
MD
LG