Пайвандҳои дастрасӣ

Тарроҳони тоҷик мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба талаботи зиёд ба либосҳои аз атлас омодашуда зимистони имсол ба муштариёни худ болопӯшҳои гармро аз атласу адрас таҳия ва пешниҳод кардаанд.

Муди чор фасли солро маъмулан дар Тоҷикистон тоҷирон муайян мекунанд. Аммо дар муди тирамоҳӣ ва зимистони имсол нақши тарроҳони тоҷик ҳам кам нест.

Барои бори аввал дар фаъолияти даҳсолаи худ, имсол тарроҳи тоҷик Мурод Бобоқулов як коллексияи либосҳои зимистонаро омода кард. Вай даҳ навъ болопӯшҳои бо дӯхту тарҳи мухталиф аз матои атласу адрасро пешниҳоди дӯстдорони либоси замонавӣ кард ва ин болопӯшҳо ҳам ба гуфтаи тарроҳ хеле зуд харидори худро пайдо кардаанд.

Бобоқулов, роҳбари хонаи муди “Murod fashion” дар Душанбе, гуфт, “имсол талабот ба атлас хеле зиёд буд. Коллексияи наве, ки мо кардем барои зимистон аз атласҳои сифати олӣ омода шудаанд ва зери борону барф ҳам пӯшида мешаванд. Мо аз чарм ва мех ҳам зиёд истифода кардем.”

Болопӯшҳои атлас шабеҳи ҳамон ҷомаҳои қадимиянд, ки аз матои атласу адрас барои ҳам занон ва мардон дастдӯзӣ мешуд. Ин ҷомачаҳо вобаста ба сифати матоъ ва дӯхт аз 300 то 1000 сомонӣ арзиш доранд. Онҳое, ки имрӯз ба ҷойи болопӯшҳои гарм аз “драп” ва дигар матоъҳо ба ҷомачаҳои пахтагӣ ва атлас бартарӣ медиҳанд, мегӯянд, ки бо ин либос худро зебову замонавӣ ҳис мекунанд.

Атлас ин матои рангоранг ва нозукро аслан то ҳамин чанд соли ахир занону духтарон дар ҷашнҳои баҳорӣ ва тӯю маъракаҳо ба бар мекарданд. Аммо солҳои охир дигар либосҳо аз ин матоъ ба як либоси маъмулӣ ва кории занон табдил меёбад. Ҳоло доману куртаҳои аврупоӣ, костюм ҳамён ва акнун ҳам болопӯшҳои мухталифу замонавӣ дар муд ва хеле серистифода аст. Ба гуфтаи тарроҳон дар серхарид шудани либосҳо аз атлас нақши ҳукумат ҳам ҳаст, ки бо роҳандозии маъракаҳои мухталиф фарҳангу либоси миллӣ ба вижа атласро тарғиб мекунад.

Хуршед Сатторов, тарроҳи маъруфи, гуфт, "таҳияи ин хел ҷомаҳо хеле осонанд. Инҳо намунаи ҳамон куртаву ҷомаҳои қадимии мо тоҷиконанд, аммо нишонаҳои муосир доранд."

Нафиса Имронова, яке дигар аз тарроҳони тоҷик, мегӯяд, “дар Аврупо ҳам ҳоло ҷомачаҳо дар муданд. Аврупоиҳои мудерн хеле дӯст медоранд ин чапонҳоро ва онро бо куртаҳои идона ва куртаҳои маъмулӣ ба бар кунанд. Мисли духтарҳои худамон.”

Ҳоло дар баробари занон тароҳон барои мардон ҳам бо омезиши атлас либосҳои гарми замонавӣ таҳия мекунанд. “Ман аслан бештар бо занон кор мекардам, аммо солҳои ахир мардон ҳам муроҷиат мекунанд. Фикр кардам ҳамин хел жемперҳо барои мардон ҳам омода кунем. Мардҳо аслан либосҳои рангорангро чандон дӯст намедоранд. Барои онҳо либосҳои якранг ё дуранга мувофиқ аст,” - -гуфт тарроҳ Мурод Бобоқулов.

Тарроҳони тоҷик, ки тавонистанд имсол дар муди зимистона як тағйироте ворид кунанд ва болопӯшҳои миллиро вориди бозор намоянд, акнун дар фикри тарҳи пироҳану нимтанаҳои баҳорӣ ҳастанд ва он ҳам бо истифода аз матои атласу адрас. Онҳо бовар доранд, ки ин матои рангоранг талабгору харидори зиёде хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG