Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Суғд дар соле, ки мегузарад, беш аз 150 сокини ин вилоятро ба ҷурми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби сокинон ба "ҷиҳод" боздошт карда, 200 нафари дигарро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки дар соли 2015 беш аз ҳар вақти дигар бо пайравони гурӯҳҳои ифротӣ даст ба гиребон шудаанд.

Ба иттилои додситонии вилояти Суғд, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 150 сокини Суғд ба ҷурми шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби одамон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дастгир шуда, беш аз 200 нафари дигар ба ҳамин иттиҳом таҳти пайгард қарор гирифтаанд. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, аксари зодагони вилояти Суғд, ки ба майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ рафтаанд, муҳоҷирони корӣ будаанд.

Як мақоми Додситонии вилояти Суғд гуфт, “гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша муҳоҷирони моро бо ваъдаи додани маблағҳои зиёд ба сафҳои худ ҷалб ва аз тариқи Туркия ба Сурияву Ироқ ворид намуда, ба гурӯҳҳои ҷангӣ месупоранд.”

Дар солҳои қаблӣ мақомоти Суғд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз зиёд шудани ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва ҳамроҳ шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо онҳо мулоқот баргузор карда ва ба истилоҳ “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро роҳандозӣ мекарданд. Вале дар соли равон мақомот бо ин гуна мулоқот ҷавононеро ҳам даъват карданд, ки ба доми гурӯҳҳои тундрав афтода, ба Сурия рафта ва чигунагии “ҷиҳод”-у ҷангҳоро бо чашми сарашон дида, бо сад азобу машаққат худро ба Тоҷикистон расондаанд.

Яке аз онҳо, Ҷаҳонгир Темуров, ҷавони 25-сола аз шаҳри Чкалов дар яке аз чунин мулоқот гуфт, ки дар соли 2013 бо нияти таҳсил дар Омӯзишгоҳи ҳавонавардии Русия ба Маскав рафта, баъди гузашти чанд вақт нафаҳмид, ки чӣ гуна ба доми ифротиён афтода, таҳсилро бо майдони ҷанг иваз намудааст. Ӯ мегӯяд, тобистони соли равон дар шаҳри Кубонии Сурия зери бомбаборони ҳавопаймоҳои ҷангӣ монда, захмӣ шуд, аммо ҳамроҳонаш дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ёрӣ нарасониданд. Сипас, бо ёрии як марди араб худро то Туркия расонд ва бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ба Ватан баргашт.

Ба гуфтаи мақомот то кунун 7 ҷавони суғдӣ аз ҷанги Сурия ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ба қавли коршиносон ва сокинон, ҷавонони тоҷикро ноогоҳӣ аз дини Ислом ва бекорӣ ба оғӯши ҳизбу ҳаркатҳои тундгаро партофтааст. Муҳаммад Ҳоҷибоев, раиси кумитаи маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки гурӯҳҳои ифротии тарғибгар ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷои зист ва кор пешниҳод карда, ба гурӯҳи худашон ҳамроҳ мекунанд. “Баъд оҳиста – оҳиста ақидаашро тағйир медиҳанд ва бо ваъдаи ба даст овардани пул ва “савоби ҷиҳод” ба ҷанги Сурия равон мекунанд,” – афзуд вай.

Бархе аз коршиносон ба ин мушкил аз дидгоҳи дигар менигаранд ва мегӯянд, баъзе аз ҷавонон натанҳо аз ноогоҳиву бехабарӣ аз дин, балки ба нишонаи эътироз аз вазъи ногувори иҷтимоиву сиёсӣ дидаву дониста худро ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ки барномаи тағйири низому ислоҳи вазъро шиори худ қарор доданд, шомил мегарданд.

Набиюллоҳи Суннатӣ, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, бахусус вуҷуди фасоди густарда дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон ва бе додани ришва ё хешутаборбозӣ ҷои кори хуб пайдо карда натавонистан бархе ҷавонони тоҷикро аз ояндаи хуби худ дар ватан дилсард ва аз мансабдорон норозӣ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки беш 600 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, то кунун марги ниме аз онҳо тасдиқ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми мулоқот бо раҳбарон ва фаъолони Суғд дар моҳи октябри соли ҷорӣ гуфта буд, ки 169 сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бархе бо зану фарзандони кӯчакашон дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Афғонистон ва Покистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG