Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 раҳбар вазъи Украинаро баррасӣ мекунанд


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Раҳбарони Украинаву Русия ва Олмону Фаронса 30 декабр дар бораи созишномаи сулҳи Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия телефонӣ гуфтугӯ мекунанд.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон 29 декабр машварат кард, ки пеш аз конфронси телефонӣ ё гуфтугӯи чаҳорҷонибаи телефонӣ мавзеъгириҳоро ҳамоҳанг кунанд. Вай гуфт, дар ин гуфтугӯ бояд роҳҳои иҷрои созишномаи сулҳи Минскро низ баррасӣ намуд. Ин созишнома моҳи феврал имзо шуда буд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Украина ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро муттаҳам мекунад, ки ҷудоихоҳон беш аз пеш оташбасро риоят намекунанд ва дар минтақаи ноороми Донбасс сулҳро зери хатар мебаранд.

Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон аз ҳар ду ҷониби низоъ хост, ки дар рӯзҳои иди Милоди Масеҳ ва ҷанши Соли Нав оташбасро роият кунанд.

XS
SM
MD
LG