Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони ӯзбак ду қирғизро захмӣ карданд


Дар минтақаи Боткенди марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон марзбонони ӯзбак ду шаҳрванди қирғизро ба зарби тир захмӣ кардаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин ду нафар талош кардаанд на аз гузаргоҳи расмӣ, балки аз минтақаи дигари марз моли қочоқиро интиқол диҳанд. Ҳамчунин, онҳо ба тақозои марзбонон барои бозистодан итоат накардаанд.

Ҳоло ин ду шаҳрванди Қирғизистон дар беморхонаи вилояти Боткенд бистарӣ шудаанд.

Фармондеҳи гурӯҳи марзбонии Боткенди Қирғизистон ба маҳали ҳодиса рафта ва бо ҷониби Ӯзбакистон ҷузъиёту шароити тирандозии марзбонони ӯзбакро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG