Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи қотилони Немтсов айб эълон мешавад


Кумитаи тафтишоти Русия панҷ нафарро расман дар куштори сиёсатмадори мухолифин Борис Немтсов айбдор мекунад. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишот рӯзи 29 декабр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, дар ин куштор панҷ шаҳрванди Чеченистон – Заур Додоев, Анзор Губашов, Ҳамзат Баҳоев, Шадид Губашев ва Темирлан Аскархонов муттаҳам хоҳанд шуд. Онҳо бо гумони куштор дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ғайриқонунӣ харидан ва нигаҳ доштани силоҳи оташфишон боздошт шудаанд. Мӯҳлати тафтишоти пешакӣ то рӯзи 28 феврали соли 2016 тамдид шудааст.

Созмондиҳандаи эҳтимолии ин ҷиноят Руслан Муҳиддинов алҳол дар озодист ва дар кофтукоби федероливу байнулмилалӣ қарор дорад, гуфт Владимир Маркин.

Муҳиддинов ронандаи Руслан Геремеев, муовини пешини фармондеҳи баталёни “Север”-и вазорати умури дохилаи Чеченистон буд. Хонаводаи Немтсов мегӯяд, Геремеев дар куштор даст дорад, аммо чун ӯ аз афроди наздики раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аст, мақомоти тафтишот ба эълони иттиҳом алайҳи ӯ ҷуръат намекунанд.

Вадим Прозоров, вакили дифои хонаводаи Немтсов, ба созмондиҳандаи асосии куштор будани Руслан Муҳиддинов шубҳа дорад. Ӯ рӯзи 29 декабр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки Муҳиддинов “дар поёни ин занҷир” аст ва куштори Немтсов бо фармоиши мансабдорони воломақом сурат гирифтааст, вале аз тавзеҳоти бештар худдорӣ намуд.

Борис Немтсов шоми 27 феврали соли равон дар маркази Маскав ҳадафи тир қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG