Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди ИМА аз Русия барои куштори Аллоуш


Заҳрон Аллоуш

Заҳрон Аллоуш

ИМА бо нашрия як баёния Русияро барои куштори яке аз раҳбарони мухолифини Сурия накӯҳиш кард. Дар ин баёния, ки рӯзи 28 декабр нашр шуд, гуфта шудааст, ҳалокати Заҳрон Аллоуш, раҳбари гурӯҳи Ҷайши Ислом, раванди музокироти сулҳи Сурияро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Аллоуш, ки ба ҳазорон нафар мухолифини мусаллаҳи Димишқ раҳбарӣ мекард, бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангии русӣ рӯзи 25 декабр кушта шуд.

Ҷайши Ислом яке аз гурӯҳҳое буд, ки дар нишасти гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия дар Ар-Риёз, ширкат дошт ва барои музокирот бо ҳукумати Башор Асад ба хотири хатми ҷанги шаҳрвандӣ изҳори омодагӣ карда буд. Раҳбарони гурӯҳ баъд аз марги Аллоуш изҳор намуданд, ки дар музокироти сулҳ ширкат намекунанд ва таҳлилгарон ҳам мегӯянд, талафоти яке аз исломиҳои воломақому воқеъан мӯътадил шояд ба гуфтушуниди Женева бетаъсир намонад.

Қарор аст, ки музокироти сулҳи Сурия охири моҳи январ дар шаҳри Женева таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид сурат бигирад.

Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи 18 декабр бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Дар қатънома ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайри фирқаӣ" дар шаш моҳи оянда ва баргузории интихоботи озоду одилона бар пояи Қонуни асоси нав тайи 18 моҳ пешбинӣ шудааст. Ин масоил бояд дар меҳвари нишасти Женева қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG