Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ансорӣ: Эрон ба қонуни ИМА посух мегӯяд


Агар Вошингтон созиши ҳастаиро нақз карда, дарёфти раводид барои эрониҳоро маҳдуд кунад, Эрон аз чораҳои ҷавобӣ кор мегирад. Ин изҳороти Ҳусейн Ҷабборӣ Ансорӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, рӯзи 28 декабр, дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон садо дод.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта қонунро имзо кард, ки бар пояи он вуруд ба ИМА барои шаҳрвандони Эрон ва эрониҳое, ки дар кишварҳои бидуни раводид бо Амрико ба сар мебаранд, мушкил хоҳад шуд. Ҳамин гуна маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Судон ҳам ҷорӣ мешавад.

Дар ҳоле, ки Вошингтон мегӯяд ин қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо ба кишвар қабул шудааст, Теҳрон онро идомаи таҳримҳо алайҳи Эрон мехонад, ки бар пояи созиши ҳастаӣ бояд лағв карда шаванд.

Ҳусейн Ҷабборӣ Ансорӣ гуфт, "ҳама гомҳое, ки берун аз созиши ҳастаӣ бардошта мешаванд, барои Эрон ғайри қобили қабуланд ва Теҳрон дар сурати зарурат ба онҳо посух хоҳад дод. Кумитаи нозири созиши ҳастаӣ ин мавзӯъро баррасӣ ва посухи Теҳрон ба қонуни раводиди Амрикоро таҳия мекунад, изҳор намуд ӯ.

Аббос Арақчӣ, раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон, изҳор намуд, ки қонун дар бораи раводид созиши ҳастаиро нақз мекунад.

Ба иддаои Теҳрон, шаҳрвандони кишвар ба ҳамлаҳои террористӣ дар Калифорния ва Порис, ки боиси қабули қонун шудаанд, ягон рабт надоранд. Кохи Сафед мегӯяд, маҳдудият алайҳи эрониҳо ба он хотир ҷорӣ шудааст, ки Вошингтон Эронро кишвари сармоягузори терроризм мехонад.

XS
SM
MD
LG