Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мезентсев дар бораи узвияти Эрон дар ШОС


Дмитрий Мезентсев

Дмитрий Мезентсев

Дмитрий Мезентсев, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой гуфтааст, ки дархости узвияти Эрон ба ин созмони минтақаӣ танҳо баъд аз лағви таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар муқобили ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ 29 декабр дар суҳбаташ бо нашрияи “Известия”-и Русия гуфтааст, “тибқи муқаррароти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой кишваре, ки таҳти таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, ҳаққи узвият дар ин созмонро надорад.”

Мезентсев илова кардааст, ки дар пайи ҳалли мушкили барномаи ҳастаии Эрон раванди лағви таҳримҳо шурӯъ хоҳад шуд ва сипас Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ дархости Эрон барои шомил шудан ба ин ниҳодро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Дар солҳои 2006 - 2010 Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар иртибот ба коркарди маводи ҳастаӣ дар Эрон, ки мумкин аст барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шавад, дар қиболи ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ карда буд. Пас аз имзои созишномаи Эрон бо “шашгона” дар Вена, 20 июл Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки таҳримҳо дар зарфи 10 соли оянда марҳила ба марҳила лағв хоҳанд шуд.

Дар соли ҷорӣ дархости Ҳиндустону Покистон барои узвият ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баррасӣ ва пазируфта шуд. Ба гуфтаи Дмитрий Мезентсев, дар соли ҷорӣ давлати Сурия низ барои пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дархост фиристода, аммо ба далели ташаннуҷи авзоъ дар ин кишвар ин дархост ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи июни соли 2001 аз ҷониби Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон таъсис шуда буд. Дар моҳи июли соли ҷорӣ раванди қабули Покистону Ҳиндустон ба ин созмон шурӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG