Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши табодули мол миёни Тоҷикистону Русия


Меваю сабзавоти содиротӣ ба Русия
Меваю сабзавоти содиротӣ ба Русия

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ табодули мол миёни Тоҷикистон ва Русия 939 миллион доллари амрикоӣ ё беш аз 66 миллиард рубли русиро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 10 дарсад камтар будааст. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, далели ин амрро ба поин рафтани мизони молҳои содиротии Русия ба Тоҷикистон марбут хондааст.

Ҳамзамон, ба гуфтаи ҷаноби Лякин-Фролов, мизони содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия дар соли ҷорӣ 1,6 баробар афзоиш пайдо кардааст. Зимнан, тибқи иттилои манобеи расмӣ, дар соли 2014 мизони табодули мол миёни Русия ва Тоҷикистон болиғ ба 1 миллиарду 250 миллион доллар буда, аз ин ҷумла, 95 дарсадро молҳои содиротии Русия ташкил додаанд.

XS
SM
MD
LG