Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин қонуни мубориза бо терроризм қабул шуд


Парлумони Чин қонуни нави мубориза бо терроризмро қабул кард. Ин қонун ширкатҳои хориҷиро вазифадор мекунад, ки иттилои махфиро дар ихтиёри ҳукумат гузоранд ва ба низомиҳои чиноӣ иҷоза медиҳад, то дар хориҷи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳанд. Қонун, ки рӯзи 28 декабр пазируфта шуд, пахши ҷузъиёти амалҳои террористӣ аз сӯи расонаҳоро манъ мекунад. Ҳамчунин пахши иттилое, ки метавонанд боиси “пайравӣ” аз фаъолиятҳои террористӣ шавад, манъ гашта, худдорӣ аз пахши “наворҳои ғайриинсонӣ ва сангин” тавсия дода мешавад.

Ин қонун аз 1 январи соли оянда мавриди иҷро қарор мегирад.

Қонуни мубориза бо терроризм ҳанӯз ҳангоми таҳияи тарҳаш мавриди интиқоди Ғарб қарор гирифта буд. Бахусус. он бахше, ки марбут ба амнияти электронӣ аст. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва Департаменти давлатӣ ошкоро зидди бандҳое шуданд, ки ширкатҳои хориҷиро вазифадор мекунанд калиди хабарҳои махфиро бар ивази ҳаққи кор кардан дар кишварро дар ихтиёри ҳукумати Чин гузоранд.

Мақомоти ғарбӣ ба ин назаранд, ки ин қонун ба озодии инсон ва озодии сухан мухолифат дорад ва заминаи нави саркӯби дигарандешонро дар Чин муҳайё месозад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG