Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори муаллифи филм дар бораи ҷиноёти ДИИШ


Рӯзноманигори суриягӣ Наҷӣ Ҷерф, ки чанде пеш дар бораи ҷиноятҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) филми мустанад ба навор гирифта буд, рӯзи 27 декабр дар Туркия кушта шуд. Тавре дар шабакаи иҷтимоии Твиттер гуруҳи эҷодие, ки рӯзноманигор бо онҳо кор мекард, хабар медиҳад, Ҷерф дар шаҳри Газиантеппа аз тири туфангча ба ҳалокат расид.

Филми мустанаде, ки Ҷерф чанде пеш аз маргаш ба навор гирифта буд, дар бораи ҷинояткориҳои ҷангҷӯёни ДИИШ дар шаҳри Ҳалаби Сурия қисса мекунад. Ҷерф ҳамчунин ба ҳайси сармуҳаррири моҳномаи Hentah, ки дар Сурия паҳн мешавад, фаъолият дошт.

Ба иттилои наздикони Ҷерф, ин рӯзноманигори филмсоз мебоист ҳафтаи ҷорӣ ҳамроҳ бо хонаводааш ба Порис мерафт ва дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дарёфт мекард.

Ин бори аввал нест, ки фошсозони ҷиноёти ДИИШ дар Туркия кушта мешаванд. Пештар аз ин ДИИШ масъулияти куштори як фаъоли ҷамъиятии Сурияро дар шаҳри Шанлиурфи Туркияро ба зимма гирифта буд.

XS
SM
MD
LG