Пайвандҳои дастрасӣ

Довудоғлу: Бо ҲДХ гуфтушунид нахоҳем кард


Аҳмад Довудоғлу

Аҳмад Довудоғлу

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки баррасии мавзӯи Қонуни асосии нав бо ҳизби курдгарои кишвар бар асари чанд изҳороти “беэҳтиромона”-аш, аз ҷумла, дар робита ба суқути ҳавопаймои низомии русӣ аз сӯи ҳавопаймои туркӣ, номумкин аст.

Ӯ дар нишасти хабарӣ дар Истамбул рӯзи 28 декабр гуфт, ки ҳукумат аз музокирот бо Ҳизби демократияи халқӣ (ҲДХ) дар робита ба тарҳи нави Қонуни асосӣ мунсариф шудааст. Довудоғлу ва раҳбарони ин ҳизб солҳо боз дар робита ба сиёсати Туркия дар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи кишвар ихтилофи назар доранд.

Аз ин пеш нахуствазир аз раҳбарони аҳзоби мухолифи давлат хоста буд то дар баррасии тарҳи нави Қонуни асосии аз сӯи ҳизби ҳукмрони Адолат ва тавсеъа ширкат кунанд. Бар пояи тарҳи нав, Туркия ба низоми президентӣ мегузарад.

Ҳафтаи гузашта яке ез раҳбарони Ҳизби демократияи халқӣ Салоҳиддин Демиртош ҳангоми сафараш ба Маскав суқут додани ҳавопавймои русӣ аз сӯи ҳавопаймои туркиро дар марзи миёни Туркияву Сурия маҳкум кард.

Ҳавопаймои русии СУ-24 рӯзи 24 ноябр баъд аз он ҳадафи зарба қарор гирифт, ки ба иддаои низомиёни турк, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд ва баъд аз чанд ҳушдор ҳам фазои кишварро тарк накард. Аммо Русия мегӯяд, ки туркҳо ҳавопайморо дар фазои Сурия барқасдона нобуд кардаанд. Баъд аз ин ҳодиса Маскав алайҳи Анкара таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG