Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба осебдидагон


Бар асари заминларза садҳо манзил хароб шуданд

Бар асари заминларза садҳо манзил хароб шуданд

Иттиҳоди Аврупо ба осебдидагони заминларза дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба маблағи 84 ҳазор евро кумаки башардӯстона ироа хоҳад кард.

Бино ба баёнияи дафтари Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи ин маблағ 36 ҳазор евро тавассути Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 195 хонаводаи ниёзманд кумаки фаврӣ тавзеъ мешавад. Дар назар аст, дар маҷмӯъ 935 нафар бо шумули кӯдакону маъюбони ин хонаводаҳо бо маводи ғизоӣ, бастаҳои гигиенӣ ва асбобҳои ошпазӣ таъмин шаванд.

Ҳамчунин, аз тариқи шарики дигари Иттиҳоди Аврупо мавсум ба ДИПЕКО-Барномаи коҳиши мизони хатари офатҳои табиӣ ба маблағи 48 ҳазор евро ба осебдидагон аз заминларза кӯрпа, либоси зимистона ва маводи дигари ниёзи рӯзгор тавзеъ хоҳад шуд.

Бар асари заминларзаи 7 декабри соли ҷорӣ 2 нафар ҳалок ва даҳ нафар захмӣ шуда, садҳо адад манозили маскунӣ, мактабу шифохона хароб гаштанд.Тибқи иттилои расмӣ, 4794 нафар бесарпаноҳмонда ва феълан дар паногоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG