Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши Токио ва Сеул дар қазияи "фоҳишаҳои иҷборӣ"


Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар мавриди қазияи занони кореягӣ, ки онҳоро солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон иҷборан ба урдугоҳҳои низомиёни ҷопонӣ мефиристоданд, ба созиш расиданд. Бар пояи тавофуқе, ки рӯзи 28 декабр дар Сеул ҳосил шуд, Токио барои Бунёди қурбониёни хушунати ҷинсӣ аз сӯи сарбозони ҷопонӣ як миллиард иен (8 миллиону 300 ҳазор доллар) ҷудо мекунад.

Вазири умури хориҷии Ҷопон Фумио Кишида баъд аз мулоқот бо ҳамтои кореягияш Юн Бён-сэ изҳор намуд, ки Токио барои бадрафторӣ ба занҳои кореягӣ масъулияти амиқро эҳсос мекунад. Кишида афзуд, ки нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ низ барои ҳаводиси чанд даҳсола пеш узрхоҳии самимӣ кардааст.

Юн Бён-сэ изҳор намуд, ки агар мавзӯи ҷубронпулӣ аз сӯи Ҷопон бидуни мушкил ҳаллу фасл шавад, Сеул ин мушкилро “кулан ва бебозгашт ҳалшуда” эълон мекунад.

Мушкили занони кореягӣ, ки онҳоро бидуни хоҳишашон барои танфурӯшӣ ба урдугоҳҳои низомиёни ҷопонӣ фиристода буданд, солҳо боз садди роҳи беҳбуди равобит миёни Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ буд.

XS
SM
MD
LG