Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як кас дар таркиш дар Кобул


Дар ҷойи ҳодиса
Дар ҷойи ҳодиса

Дар наздикиҳои фурудгоҳи байнулмилалии Кобул бар асари таркиши мошине, ки аз сӯи маргталаб идора мешуд, як сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 28 декабр алайҳи корвони мошиноҳи нерӯҳои байнулмилалӣ сурат гирифт, аз чаҳор то сенздаҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Генерал Ҳақнавоз Ҳақҷӯ, раиси полиси фурудгоҳи Кобул, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки теъдоди қурбониён метавонист бештар бошад, зеро таркиш дар минтақаи аҳолинишин рӯй додааст.

Намояндаи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид изҳор намуд, ки ҳамла аз сӯи ҷангиёни ин ҷунбиш сурат гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳо ба сафорати Испания дар Кобул ва таркиш дар канори пойгоҳи низомии Багром шаш низомии амрикоӣ ба ҳалокат расиданд.

Ҳамла ба фурудгоҳи Кобул як рӯз баъд аз он рӯй дод, ки фармондеҳи аршади артиши Покистон Роҳил Шариф ба Кобул сафар кард ва бо мақомоти Афғонистон мавзӯи аз сар гирифтани музокирот миёни ҳукумату ҷунбиши “Толибон”-ро матраҳ кард. Даври аввали музокирот моҳи июли соли равон оғоз ёфт ва аммо баъд аз хабари марги раҳбари толибон Мулло Муҳаммад Умар мутаваққиф шуд.

Айни ҳол дар вилояти Ҳилманд даргириҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва толибон идома доранд.

XS
SM
MD
LG