Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми Александр Кирсанов


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, футболбози маъруф, ба анҷом расид.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ футболбози дастаҳои “Помир” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Ирригатор” (Душанбе), ки дар пойтахти кишвар, дар маҷмааи варзишии Оҷонсии «Тоҷикгосстандарт», бо ширкати 32 даста тӯли се ҳафта идома кард, рӯзи 27 декабр поён ёфт.

Мусобиқа байни дастаҳои ҳирфаӣ, алоқамандон ва собиқадорон сурат гирифт. Дар гурӯҳи ҳирфаӣ дастаи «Газпром», дар байни алоқамандон тими Федератсияи футболи Тоҷикистон ва миёни собиқадорон дастаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб шуданд.

Дар сабқати бозигарони ҳирфаӣ “Газпром” дар бозии ниҳоӣ бо “Бонки миллӣ” рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаизарбаҳои 11-метра «Газпром» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими «Рӯдакӣ»-ро бо ҳисоби 7:4 шикаст дод, миёни алоқамандон ғолиб омад.

Дар сабқати собиқадорон тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ (ДМ ВКД) дар бозии ниҳоӣ бо Академияи «Истиқлол»-и Душанбе қувваозмоӣ кард. Замони асосии ин бозӣ бидуни гол ба охир расид. Дар задани силсилаизарбаҳои 11-метра кори бозигарони ВКД омад кард ва бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, инчунин, беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Мусобиқаи 24-ум оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов

Алоқамандон

Бозӣ барои ҷойи севум

«Динамо» – Боғи марказии фарҳангу фароғат – 4:4. Аз рӯи пеналтӣ – 2:0

Бозии ниҳоӣ

ФФТ – «Рӯдакӣ» – 7:4

Собиқадорон

Бозӣ барои ҷойи севум

«Авиатор» – «Ирригатор» – 5:4

Бозии ниҳоӣ

ДМ ВКД – Академияи «Истиқлол» – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

Ҳирфаиён

Бозӣ барои ҷойи севум

«Антикоррупсия» – «Вавилон» – 2:4

Бозии ниҳоӣ

«Бонки миллӣ» – «Газпром» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 2:3

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Газпром” бо ҳисоби бузурги 10-5 пирӯз шуд, бо Ҷоми Александр Кирсанов сарфароз гардид. Дастаи “Бонки миллӣ” барои ҷойи севум бар тими «Амонатбонк» бо ҳисоби 10:2 ғолиб омад.

Порсол дар сабқати собиқадорон тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Академияи футболи «Истиқлол» бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Дастаи собиқадорони «Ирригатор» барои ҷойи севум тими «Авиатор»-ро бо ҳисоби 8:4 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG