Пайвандҳои дастрасӣ

Бурҳон Раҳмон, ровии маъруфи тоҷик, бар асари беморӣ дар синни 81 даргузаштааст. Ӯ ҳудуди 60 сол дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва дар солҳои ахир дар шабакаи "Овози тоҷик" фаъолият дошт.

Ҳамчунин, ӯ ба унвони муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр кор карда ва дар дубляжи 300 филми мустанаду бадеӣ ширкат доштааст. Бурҳон Раҳмон барои хидматҳояш унвони корманди шоистаи Тоҷикистон ва Аълочии Кумитаи радио ва телевизионро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG