Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар қисми низомӣ дар Қирғизистон


Бино ба иттилои Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ду сарбози Горди миллии ин кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки тибқи иттилои пешакӣ субҳи 28 декабр сарбози воҳиди низомӣ ба далели номаълум ба тарафи ҳамхизматони худ тирпарронӣ кардааст.

Бар асари ин ҳодиса як сарбоз кушта шуда ва як нафари дигар бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. Додситонии низомии Қирғизистон ба бозрасии ин ҳодиса шурӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG