Пайвандҳои дастрасӣ

Чунин ба назар мерасад, ки раҳбари тундравҳои Давлати Исломӣ дар як навори нави садоӣ иддао кардааст, ки бо вуҷуди маъракаи байналмиллалӣ бар зидди онҳо Давлати Исломӣ рушд мекунад.

Дар як навори савтӣ ё садоии 24 дақиқаӣ, ки рӯзи 26 декабр нашр шуд, марде бо номи Абубакр Бағдодӣ гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи зери раҳбарии Амрико ва ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо ва мушакҳои Русия қотеияти гурӯҳи онҳоро бештар кардааст.

Дар ин навор аз эътилофи низомии ахиран эълоншудаи Арабистони Саъудӣ бар зидди терроризм интиқод шудааст. Вай ҳамчунин Амрикоро масхара кардааст, ки гурӯҳҳои худро намефиристад, то бо тундравҳои вай биҷанганд.

Ин навор, ки воқеияти садои Абубакр Бағдодӣ дар он ҳанӯз таъйид нашудааст, баъд аз моҳи май нахустин паём аст ва дар ҳоле нашр мешавад, ки тундравҳои Давлати Исломӣ аз пешравӣ мондаанд. Ин тундравҳо дар Сурияву Ироқ қаламравҳои зиёдро дар контроли худ доранд.

Чанд бор гузоришҳо пахш шуд, ки дар ҷараёни даргириҳо Абубакр Бағдодӣ маҷруҳ шудааст ё кушта шудааст. Ба эҳтимоли зиёд ин гузоришҳо воқеият надоранд.

XS
SM
MD
LG