Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон тамос ва музокира бо Русияро рад карданд


Толибони Афғонистон мегӯянд, ки онҳо дар бораи мубориза бо гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ бо Русия музокира нахоҳанд кард. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Русия мамнуъ эълон шудааст.

Дар торнамои Толибон дар ин бора чунин навишта шудааст: “Мо барои мубориза бар зидди ДОИШ ба кӯмаки касе эҳтиёҷ надорем. Бо касе музокира анҷом намедиҳем ва бо касе дар ин масъала тамос ҳам надорем”.

Пештар вазорати корҳои хориҷаи Русия эълон карда буд, ки манофеи Толибон дар мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ дар Афғонистон бо манофеи Русия мутобиқат мекунад.

Дар ин бора Замир Кабулов-фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия барои Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс изҳори назар карда буд.

Замир Кабулов ҳатто гуфт, ки бо Толибон баъзе шабакаҳои тасмос вуҷуд дорад, то бо онҳо тавассути ин шабакаҳо доду гирифти маълумот сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG