Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Биден-шаҳрванди бебоки Британия нахустин коиқрони танҳо мебошад, ки бидуни таваққуф бо қоиқи худ аз уқёнуси Ором гузаштааст. Вай 7 400 мили обиро тай карда 27 декабр ба шимоли Австралия расидааст. Як мили обӣ бо 1 километру 853 метр баробар аст.

Вай баъд аз фуруд ба замини Австралия гуфт, “воқеан ҳам боварнакарданист, ки ба унвони нахустин шахс ба чунин натиҷа расидаам, ман онро тасаввур карда наметавонам”.

Биден 53 сола аст ва бо қоиқи 6 метрии худ 1 июл аз Сан Франсиско ба роҳ баромад. Вай ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 15 соат шино мекард ва ба ҳамин минвол 209 рӯзро дар уқёнус сипарӣ кард. Вай ба сабаби бадии боду ҳаво як моҳ дертар ба манзил расид.

Биден соли 2011 низ дар уқёнуси Атлас дар 53 рӯз 2 600 мил шино карда буд. Аммо вай мегӯяд, ки бо қоиқ шино кардан дар уқёнуси Ором душвортар будааст.

Биден мегӯяд, 7 моҳ танҳо дар уқёнус будан воқеан падидаи ғайриоддист ва ҳоло дубора ба замин фуруд омадааст ва садоҳои одамонро мешунавад.

XS
SM
MD
LG