Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 4 нафар дар тӯфони аёлати Техаси Амрико шумораи кушташудагонро ба 22 нафар расонд. 26 декабр тӯфон дар шаҳри Даллас ва атрофи он даҳҳо хонаро вайрон кард.

Қурбониёни Техас илова бар 18 нафар қурбониёне мебошанд, ки пештар дар бораи он аз иёлоти Миссиссиппӣ, Тенниссӣ, Арканзас ва Алабама гузоришҳо расида буд. 60 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд ва ҷароҳати баъзе аз онҳо ҷиддист.

Фурудгоҳи Даллас, ки аз фурудгоҳҳои пур гиру дори Амрико буд, муваққатан парвозҳояшро дар давоми як соати тӯфон боздошт.

Шабакаи телевизионии ABC гузориш дод, ки дар ин тӯфон дар 5 аёлат бештар аз 1 000 хона хароб шуда, 200 роҳ ба сабаби ҷорӣ шудани селоб баста шудааст.

XS
SM
MD
LG