Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси ситоди артиши Покистон ба Кобул


Роҳил Шариф ва Ашраф Ғанӣ, акс аз бойгонӣ
Роҳил Шариф ва Ашраф Ғанӣ, акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки генерал Роҳил Шариф-раиси ситоди артиши ин кишвар ба Кобул-пойтахти Афғонистон сафар кардааст. Вай дар ҷараёни ин сафар талош хоҳад кард, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон аз сар гирифта шавад.

Азим Солим Баҷво-сухангӯи низомиёни Покистон гуфт, ки генерал Роҳил Шариф бо “садоқату хушбинӣ” ба Афғонистон рафтааст, то дар бораи идораи беҳтари умури марзӣ ва раванди сулҳи афғонҳо гуфтугӯ кунад.

Боздиди Шариф аз Кобул дар ҳоле анҷом мегирад, ки ду ҳафта пеш дар Исломобод конфронси минтақаӣ барпо гардид ва ин конфронс хостори азсаргирии музокирот бо Толибон шуд. Дар он Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон ширкат дошт.

Музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон моҳи июл замоне қатъ гардид, ки ҳукумат даргузашти мулло Муҳаммад Умар-раҳбари пешини Толибонро эълон кард.

XS
SM
MD
LG