Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари гурӯҳи Ҷайш-ул-Исломи Сурия кушта шуд


Заҳрон Алуш-раҳбари яке аз гурӯҳҳои қавии шӯришиёни Сурия Ҷайш-ул-Ислом дар ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикиҳои Димишқ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора артиши Сурия ва фаъолони мухолифон хабар додаанд.

Заҳрон Алуш ва чанд нафари дигар аз фармондеҳони Ҷайш-ул-Ислом 25 декабр дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуданд. Аз ин гурӯҳи исломӣ Арабистони Саъудӣ ҳимоят мекунад ва он яке аз гурӯҳҳои қавии ҷангии зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ба шумор меравад.

Ин гурӯҳ назорат бар минтақаи Ғутаи шарқиро дар наздикии шаҳри Димишқ дар ихтиёр дорад. Гурӯҳи Нозирони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, ҳамла ба фармондеҳони Ҷайш-ул-Ислом замоне сурат гирифтааст, ки онҳо нақшаи як ҳамла ба нируҳои режими Сурия ва гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнонро мекашидаанд.

Гурӯҳи Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, дақиқ нест, ки ҳавопаймои ҳамлакарда аз Русия будаст ва ё аз нируҳои Сурия. Нируҳои ҳавоии Русия аз моҳи сентябр дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG