Пайвандҳои дастрасӣ

Тақрибан 12 000 номзад барои ширкат дар интихоботи порламонӣ ё Маҷлиси Эрон сабти ном шудаанд, ки аз онҳо 1 200 нафар занон мебошанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Эрон хабар додааст.

Дар миёни ин номзадҳо вазирони пешин, намояндагони пешини порламон, бародарзодаи Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи нируҳои Қудс, яке аз писарон ва духтари Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ-раиси ҷумҳури пешини Эрон низ ҳастанд.

Дар интихоботи гузаштаи порламонӣ, ки соли 2012 баргузор шуда буд, 5 000 нафар худро номзад карда буданд. Маҷлиси Эрон дорои 290 курсӣ аст ва интихобот 26 феврали соли 2016 баргузор мешавад.

Ҳамаи номзадҳо аз назорати Шӯрои Нигаҳбон хоҳанд гузашт ва ин Шӯро метавонад номзадҳоеро, ки ба низоми кунунии мазҳабӣ дар Эрон содиқ нестанд, аз феҳристи номзадҳо ҳазф кунад.

XS
SM
MD
LG