Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори ҳамдилӣ бо муҳоҷирон шуд


Попи Рум Франциск хостори шафқату ҳамдилӣ ба муҳоҷирон шуд ва аз афроде, ки ба онҳо сарпаноҳ медиҳанд, ситоиш кард. Ӯ зӯҳри ҷумъа, 25 декабр, дар паёми ҳамасолааш Urbi et Orbi (Ба шаҳру ба ҷаҳон) аз айвони марказии Ибодатгоҳи Петри муқаддас дар Вотикан ба шарафи Мавлуди Исои Масеҳ, аз талошҳои СММ барои қатъи низоъҳо дар Сурияву Либия пуштибонӣ кард ва бори дигар хостори сулҳ дар Ховари Миёна, Африқо ва ҳама гӯшаҳои ноороми сайёра шуд.

Католикҳо, протестантҳо ва пайравони баъзе шохаҳои калисои православӣ рӯзҳои 25 ва 26 декабр Мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Имсол дар Байтуллаҳм, ки бар пояи ривоятҳо, Исои Масеҳ ба дунё омадааст, таҷлили Мавлуд бар асари афзоиши хушунат – ҳамлаҳо ба исроилиҳо ва бенизомиҳо дар қаламрави Фаластин, ки тақрибан се моҳ боз идома доранд, доғдор шуд. Бар асари ин ҳаводис теъдоди зоийрон ба Байтуллаҳм назар ба солҳои пеш хело коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG