Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷӣ ба хотири ...маоши баланд ба "Рубин" наомад


Футболбози маъруфи румин Георге Ҳаҷӣ, ки айни ҳол дастаи маҳаллии “Вииторул”-ро тамрин медиҳад, пешниҳоди сармураббии дастаи “Рубин”-и шаҳри Қазон шуданро рад кард.

Рӯзномаи “Спорт-Экспресс” рӯзи 25 декабр навишт, сарпечии Ҳаҷӣ бо моҳонаи баланде рабт дорад, ки ба ӯ ба ҳайси сармураббӣ пешниҳод шудааст. Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки “Рубин” омадааст, ки ба Георге Ҳаҷӣ солона 4 миллион евро пардохт кунад ва ҳамчунин бозингари дастаи мунтахаби Руминия Кристиан Тэнасеро бо моҳонаи баланд ба даста даъват намояд.

Аммо Георге Ҳаҷӣ дар посух ба пешниҳоди 4-миллион долларӣ гуфтааст, "ман сазовори ин гуна маош нестам”.

Раҳбарони клуби "Рубин" баъд аз ин посухи аҷибулғароиби Георге Ҳаҷӣ маҷбур шуданд, ки қарордод бо сармурабии феълии даста Валерий Чалийро тамдид кунанд. Валерий Чалий дар миёнаҳои мавсим ба ҷойи Ринат Билолиддинов сармураббии «Рубин» таъин шуд ва қарордоди ӯ баъд аз чанд рӯз ба поён мерасид. .

XS
SM
MD
LG