Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни машваратҳои сиёсии Душанбе ва Тошканд


Машваратҳои нахустини сиёсии Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 25 декабр дар Душанбе ба анҷом расидааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳайатҳои ду кишвар “вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда”, дар мавриди масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ низ суҳбат кардаанд.

Ин вазорат дар иттилоияи расмии худ гуфтааст, “масоили рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд.”

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон масъалаи дурнамои рушди минбаъдаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ баррасӣ карда, баргузории чунин машваратҳои мунтазами сиёсиро “омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда” донистаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG