Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати сад кас дар таркиши газ дар Нигерия


Бар асари таркиш дар бунгоҳи фурӯши газ дар шаҳри Нневӣ, воқеъ дар ҷануби Нигерия, беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти маҳаллӣ рӯзи 25 декабр гуфтанд, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки одамон барои таҳияи зиёфат ба шарафи Мавлуди Исои Масеҳ дар навбати харидани газ буданд. Яке аз шоҳидон Эмеке Петерс гуфт, ки сӯхтор мисли таркиши бомба ҳама бунгоҳро фаро гирифт. Ӯ тайид кард, асосан онҳое дар оташ сӯхтанд, ки рӯзи дароз барои пур кардани балллонҳои газ дар навбат истода буданд.

Дар ин ҳодиса чанд бинои канори бунгоҳи фурӯши газ ҳам осеб дид.

XS
SM
MD
LG