Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти приставҳои вилояти Самара мегӯяд, танҳо дар як ҳафтаи охир аз ҳудуди ин вилояти Русия 17 муҳоҷири ғайриқонуниро аз тариқи фурудгоҳи Курумоч ихроҷ кардаанд. Ин 17 нафар ба ҷуз аз онки аз ҳаққи бозгашт ба Русия барои 5 сол маҳрум шуданд, дуҳазоррублӣ ҷарима ҳам супурданд.

Хадамоти приставҳо мегӯяд, аз аввали сол аз ҳудуди вилояти Самара 717 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла аз Узбакистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон будаанд. Бино ба омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то имрӯз ҳудуди 320 000 аз шаҳрвандони тоҷик аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG