Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насрониҳо Мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд


Католикҳо, протестантҳо ва пайравони баъзе шохаҳои калисои православӣ рӯзи 25 декабр Мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Попи Рум дар арафаи ниёиши тантанавӣ дар Калисои Петри Муқаддаси Вотикан шоми панҷшанбе бори дигар ёдовар шуд, ки Худованд моломол аз муҳаббат ба одамон аст. Раҳбари калисои католикӣ сабти суханронияшро дар Твиттер ҳам ҷой дод.

Қарор аст, ки зӯҳри ҷумъа Попи Рум бо паёми ҳамасолаи Urbi et Orbi (Ба шаҳру ба ҷаҳон) ба мардуми эътиқодманд муроҷиат кунад.

Имсол дар Байтуллаҳм, ки бар пояи ривоятҳо, Исои Масеҳ ба дунё омадааст, таҷлили Мавлудро афзоиши хушунат – ҳамлаҳо ба исроилиҳо ва бенизомиҳо дар қаламрави Фаластин, ки тақрибан се моҳ боз идома доранд, доғдор кард. Бар асари ин ҳаводис теъдоди зоийрон ба Байтуллаҳм назар ба солҳои пеш хело коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG