Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст аз ҳавзаи Теҳрон номзад шудааст. Ба иттилои хабаргузории эронии "Донишҷӯён", Алиасғар Шеърдӯст бо ҳузур дар ситоди интихоботи Эрон аз ҳавзаи Теҳрон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ ё парлумон, сабти ном кардааст. Интихоботи парлумонии Эрон ҳудуди ду моҳ баъд баргузор мешавад.

Алиасғари Шеърдӯст соли 2007 сафири Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд ва маъмурияташ дар соли 2010 поён ёфт. Вале барои якуним соли дигар тамдид шуд. Дар соли 2012 маъмурияти ӯ боз барои як соли дигар тамдид шуда ва ӯ дар тирамоҳи соли 2013 ба Эрон баргашт.

Алиасғари Шеърдӯст соли 2012 ба баландтарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон - "Рӯдакӣ" мушарраф шуд. Ин ҷоиза ба cафири Эрон барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" ва тарғибу интишори адабиёти тоҷик дар Ҷумҳурии исломӣ тақдим гардид. Ӯ ҳамчунин соли 2010 ба узвияи хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон барои таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон пазуруфта шуд.

XS
SM
MD
LG