Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои гурӯҳи ифротгарои байналмилалӣ дар Қирғизистон


Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар минтақаи Ҷалолободи Қирғизистон дар рӯзи гузашта як гурӯҳи ифротгарои байналмилалӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилои манобеъи Раёсати умури дохилаи вилояти Ӯши Қирғизистон, дар ҷараёни як амалиёти вижа дар минтақаи Ҷалолободи Қирғизистон дар рӯзи гузашта як гурӯҳи ифротгарои байналмилалӣ боздошт шудааст.

Ба ҳангоми боздошт аз назди аъзои гурӯҳ 1 адад таппончаи тамғаи Макаров бо 100 адад тир, таппончаи “Наган”, ниқоб, дискҳои ДВД ва флешкортҳо кашф ва мусодира шудаанд.

Жениш Ашӯрбоев, сухангӯи Раёсати умури дохила дар вилояти Ӯш ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин гурӯҳ ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва чаҳор табаъи Қирғизистон узвият доштаанд.

Аъзои ин гурӯҳ дар куштани Юсуфҷон Абдуҷалилови 37-сола, сокини деҳаи Қашқарқишлоқ, воқеъ дар атрофи шаҳри Ӯш дар рӯзи 22 декабри соли ҷорӣ гумонбар ҳастанд. Дар бадани марҳум 9 захми тир ба мушоҳида расидааст.

Ҳамчунин, аъзои ин гурӯҳ дар ғорат ва лату кӯби як сокини шаҳри Қорасув дар рӯзи 18 декабр гумонбар шудаанд.

Ба гуфтаи Жениш Ашӯрбоев, афроди боздоштшудаи ин гурӯҳи ифротгаро аз Ҷалолобод ба шаҳри Ӯш мунтақил шудаанд.

Гуфта мешавад, ду шаҳрванди боздоштшудаи Ӯзбакистон сокинони шаҳрҳои Самарқанду Тошканд будаанд. Ҳамакнун таърихи вуруди ин афрод ба Қирғизистон ва ҳадафҳои сафари онҳо аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ мушаххас хоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъулони ниҳодҳои интизомии вилояти Ӯши Қирғизистон, бар асоси санад ва адабиёте, ки дар манзили аъзои ин гурӯҳ пайдо ва мусодира шудааст, аз мансубияти ин гурӯҳ ба ҷараёнҳои динии ифротӣ шаҳодат медиҳад. Ҳоло милитсия мушаххас хоҳад кард, ки онҳо ба кадом аз ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ муталлиқ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG