Пайвандҳои дастрасӣ

Дар феҳраст 4 ҳазор номи миллӣ оварда шудааст ва хонаводаҳое, ки соҳиби фарзанд мешаванд, бояд аз ин феҳраст ном интихоб кунанд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро, ки аз чор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат аст, рӯзи 24 декабр барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кард. Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, мегӯяд, ки пас аз тасвиб феҳрасти мазкур ба идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) пешниҳод карда мешавад.

"Номгузорӣ тибқи ин феҳрасти мазкур ҳатмӣ буда ва кормандони идораҳои сабти аснод муваззаф мешаванд, ки берун аз доираи он ба фарзандони тоҷик номгузорӣ накунанд. Сокинон ҳақ надоранд, ки ба фарзандони худ бо пасвандҳои туркии "қул", "хон"... ном гузоранд," – гуфт ӯ. Ба қавли Зулфониён, дар китоб калимаҳои тоҷикии мураккаб ё иборат аз ду реша низ оварда шудааст.

Ин масъули Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ба шаҳрвандони миллатҳои дигар ҳақ дода мешавад, ки мутобиқи анъанаҳои миллиашон барои кӯдакони худ ном интихоб кунанд. "Ин китоб танҳо дар доираи забони адабии меъёр барои мардуми тоҷикзабон таҳия шудааст ва намояндагони миллатҳои ғайр, аз ҷумла арманиҳо, олмониҳо ва русҳо дар доираи номномаҳои кишварҳои аслиашон номҳои худашонро интихоб мекунанд ва номгузорӣ тибқи ин китоб барои онҳо ҳатмӣ нест," -- таъкид кард ӯ.

Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳшиносии Тоҷикистон, инчунин, "Фарҳанги номҳои миллӣ"-ро таҳия кардаанд, ки дар он баробар бо зикри намунаҳои номҳои тоҷикӣ маъно ва таърихи пайдоиши номҳо низ зикр шудааст. "Фарҳанги номҳои миллӣ" дар аввалҳои соли 2016 ба нашр мерасад. Истифода аз "Феҳрасти номҳои миллӣ" ва китоби "Фарҳанги номҳои миллӣ"-ро Вазорати адлия назорат мебарад.

Навори гуфтугӯи Мирзонабии Холиқзод бо Абдураҳими Зулфониёнро дар инҷо тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG