Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт муҳоҷир, аз ҷумла, шаш тифл, ки талоши расидан ба ҷазираи Лесбоси Юнонро доштанд, дар баҳри Эгей ғарқ шуданд. Хабаргузории Dogan иттилоъ дод, ки заврақи чӯбини онҳо рӯзи 24 декабр се километр дуртар аз соҳили шаҳри Бадемлӣ аз мавҷҳои бузург зери об рафт. Гуфта мешавад, ки чаҳордаҳ муҳоҷири дигар то ҳол беному нишонанд.

Як рӯз аз ин пеш дасти кам 13 нафар, аз ҷумла, 7 кӯдак, бар асари дар баҳри Эгей миёни Туркияву Юнон зери об рафтани киштӣ ба ҳалокат расида буданд.

Кумитаи паноҳандагони СММ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷиртат мегӯянд, ки соли равон беш аз як миллион муҳоҷир, асосан тавассути роҳҳои баҳрӣ, аз Ховари Миёна вориди Аврупо шуд. 3692 нафар дар роҳ ба Аврупо дар баҳр ғарқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG